Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз ёрони вазири дифоъи Британия истеъфо дод


Эрик Ҷойс-яке аз муттаҳидони вазири дифоъи Британия истеъфо дод. Сабаби истеъфои вай бархурди ҳукмати ин кишвар ба масъалаи ҷанги Афғонистон арзёбӣ мешавад. Эрик Ҷойс-саргурди артиши Британия ва муттаҳиди Боб Эйнсворт-вазири дифоъ номаи истеъфои худро ба Гордон Браун-нахуствазир фиристод ва аз вай хост, дар ҷараёни интихобот бояд ба мардуми Британия гуфта шаванд, ки нируҳои ин кишвар кай аз Афғонистон фаро хонда мешаванд. Ҷойс ҳамчунин аз муттаҳидони Британия дар паймони НАТО интиқод кард ва гуфт, ки онҳо "хеле кам кор мекунанд".
XS
SM
MD
LG