Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак ба мулоқоти Обама меравад


Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз бо мақомоти калидии давлати Амрико, аз ҷумла бо вазири хориҷаи он кишвар Ҳилларӣ Клинтон мулоқот мекунад. Мулоқоти ӯ бо мушовири амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс ва бо раҳбари хадамоти миллии иктишофи Амрико Деннис Блейр низ дар назар будааст.
Раҳбари Миср субҳи сешанбе ба хотири дидор бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама озими Кохи Сафед мешавад. Ин нахустин мулоқоти онҳо дар Кохи Сафед аст.
Обама дар авоили моҳи июн аз Қоҳира дидан карда, аз ин ҷо бо паёми хосе ба мусалмонони ҷаҳон муроҷиат кард.
XS
SM
MD
LG