Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳраки Иссиқи вилояти Алмаато муҳоҷири 43 солаи тоҷик Қурбон Ёқубов худкушӣ кард. Ин воқиа, ба гуфтаи ҳамсояи мақтул Андрей Асеев, рӯзи 1 август рух дод.

Андрей мегӯяд, вақте ба ҳавлии ориятии Қурбон меояд, мебинад, ки дарвозаи ҳавлӣ боз асту вале худи ӯ нест.Баъд ба хона наздик шуда Қурбонро садо мекунад, вале касе ҷавоб намедиҳад.Мебинад, ки дари хона баста аст. Баъд тирезаро боз карда вориди хона мегардаду Қурбони ба ресмон овезонро мебинад. Андрей дарҳол ҳамсоягонро мехонад ва ба пулис хабар медиҳанд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон гуфтанд, Қурбон чаҳор панҷ сол ба ин тараф дар Алмаато ба мардикорӣ машғул буда, таи ин муддат ба Душанбе нарафта будааст.

Аз баҳори соли равон, ба гуфтаи Андрей Асеев, Қурбон дар Иссиқ дар бӯстонсарои Виктор Кулков ном пирамард ҳамроҳи як марди афғонистонӣ мезист ва бо мардикорӣ маблағе ба даст меовард.Вале вақтҳои охир бекор монда буд ва гоҳ -гоҳ май менӯшид, вале майнӯширо Андрей сабаби худкушӣ намехонад.

Ин нуктаро Достон Нурмаҳамбетов-- муфаттиши иy парванда низ таъйид мекунад ва мегӯяд, ки бар пояи гуфтаҳои ҳамсоягон он рӯз Қурбон назди ҳамсоя омада аз дарди сараш шикоят мекунад ва аз вай чаҳор даво мегирад. Баъд, тавре ҳамсоягон гуфтаанд, Қурбон як -ду рӯз қабл ба Душанбе занг мезанад ва ҳамсараш мегӯяд, ӯ ки ба Душанбе наояду барои мардикорӣ ба Русия равад. Бар илова ҳамхонаи ӯ дар Иссиқ ду ҳафта қабл дар ҷое коре пайдо карда он ҷо меравад ва Қурбон танҳо мемонад.

Ягон ҳафта қабл бошад, соҳиби бӯстонсаро чун барои хабаргирии манзилаш меояд, ҳар ҷои ҳавлӣ шишаҳои холиро мебинад ва баъд аз онҳо талаб мекунад, ки тарки манзил кунанд ва ба худ ҷои дигар биёбанд. Аз ин хотир ҳамсӯҳбатони мо ҳадс мезананд, ки шояд ҳолати нохуби рӯҳӣ ва вазъи душворе, ки Қурбон вақтҳои охир дучораш гардида буд, ӯро водор ба худкушӣ карда бошад.

Муфаттиш Достон Нурмаҳамбетов ҷой доштани фарзияҳои дигар мисли сӯиқасд ба ҷони Қурбонро рад мекунад. Вай мегӯяд, «фарзияи дигар нест, зеро Қурбон бо ҳама атрофиён муносибати хуб доштааст ва дар он маҳал на шахсони ҷинояткор, балки одамони оддӣ зиндагӣ мекунанд ва бар илова, муоина ва бозрасиидодгоҳ маълум кард, , ки ӯро на баъди куштан овехтаанд, балки вай худкушӣ кардааст».

Ҷанозаи Қурбон Ёқубов рӯзи панҷшанбеи 6 август бо ҳавопаймо ба Душанбе фиристода шуд. Ин кор бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷики шаҳри Алмаато анҷом гардид.

Тавре дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, қаблан ҳодисаҳои ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон ба асари сонҳа ва ё ғарқшавӣ рух дода буд. Вале бори нахуст аст, ки муҳоҷири тоҷик дар ғурбат даст ба худкушӣ мезанад.

Дар ҳамин ҳол аҳли назар чунин меҳисобанд, ки дар кишварҳои Осиёи марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистону Қазоқистон солҳои охир одамон чун эътироз аз зиндагӣ бештар худкушӣ мекунанд. Оқои Нурмаҳамбетов низ ин нуктаро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки тақрибан ҳар ҳафтае ва ё ҳадди ақал ҳар ду ҳафта дар ноҳияи онҳо ҳодисаҳои худкушӣ ба мушоҳида мерасад. Муфаттиш таъкид мекунад, ки бештар ҷавонон ва асосан мардҳо даст ба ин навъи худкушӣ мезананд. Вале худкушӣ дар урдуи кишвар аз ҳам зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта 26 ва имсол бошад 39 сарбоз худкушӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG