Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҳалокати 4 сарбози тоҷик


Додситонии низомии Тоҷикистон ду афсари нерӯҳои мусаллаҳи кишварро дар марги 4 сарбози қисми низомии 01741, воқеъ дар минтақаи Рашт, муттаҳам хондааст.

Абдуқодир Нуров, раҳбари гурӯҳи тафтишотии додситонии низомии Тоҷикистон, гуфт, бо вуҷуди он ки ин воқеъа ҳанӯз моҳи октябр дар масири Рашт-Душанбе рух дода буд, то ҳол таҳқиқи комили он анҷом напазируфтааст. Аммо вай афзуд, ин 4 сарбоз замоне кушта шуданд, ки пас аз ду соли хидмат дар сафи артиш ҳамроҳи 12 ҳамхидматони дигари худ ба назди пайвандонашон бармегаштанд. Абдуқодир Нуров мегӯяд, бемасъулиятии ин ду афсари низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон буд, ки сарбозон дар як мошини борбари ҳомили беш аз 5 тонна картошка ба сӯи Душанбе роҳ гирифтанд ва дар нимаи роҳ ба садама дучор шуданд.

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, тибқи низомномаи ҳарбӣ қисми низомӣ муваззаф буд, то ин гурӯҳи сарбозонро дар як мошини ҷудогона ба манзилашон бирасонад. Оқои Нуров афзуд, дар наздиктарин фурсат парвандаи ду афсари муттаҳам дар марги 4 сарбоз ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафтаи қабл як сарбози қисми низомии 87740-и вазорати дифоъи Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Хатлон, бар асари шиканҷаи яке аз афсарони ҳамин қисми низомӣ даст ба худсӯзӣ задааст.

Коршиносон мегӯянд, чунин ҳодисаҳои раво дидани шиканҷа ё рафтори номуносиб дар нисбати сарбозон нуфузи нерӯҳои мусаллаҳи кишварро дигарбора дар назди ҷомеъа бамаротиб коҳиш хоҳад дод, дар ҳоле ки ҳанӯз ҳам ҷавонон аз ҳароси зарбулат дар қисмҳои низомӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтанро лоиқ намедонанд. Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, бо чунин натиҷагириҳои кошиносон мувофиқ нест. Вай мегӯяд, меҳтарсолорӣ ҳамоно дар Шӯравии собиқ ҳам мавҷуд буд ва дар марги ғайримунтазираи бархе аз сарбозон намешавад афроди хосеро муттаҳам кард.

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, дар қиёс бо чанд соли пеш вазъ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нисбатан беҳбуд ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди коршиносони масоили низомӣ мушкилоти аслӣ, ки артиши Тоҷикистон ҳамчунон бо он рӯбарӯст, камбуди афсарони ҳирфаӣ будааст. Ҳамчунин ба андешаи онҳо, мушкилоти дигаре, ки дар солҳои ахир артиши Тоҷикистон бо он мувоҷеҳ аст, ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати сарбозист. Бо дарназардошти мушкилоти хидмати низомӣ дар сафи артиши миллии Тоҷикистон бештари ҷавонон аз анҷоми довталабонаи хидмати сарбозӣ сар мепечанд.

Дар ҳамин ҳол аз ҷавоне мепурсам, ки оё ҳозир аст, дар сафи артиши кишвар хидмати ҳарбӣ бикунад? Вай бо ибрози нигаронӣ аз вазъи зиндагии сарбозон дар артиш гуфт, ки ҳоло ба ҳич ваҷҳ намехоҳад сарбози артиши Тоҷикистон бошад. Бо ин ҳама, ба қавли коршиносон, агарчи мушкилоти сиҳҳати сарбозон, таъмини онҳо бо ғизо, мавориди лату кӯби сарбозон ҳамчунон боқӣ мондааст, аммо мақомоти кишвар дар муддати кӯтоҳ тавонистаанд, ки артиши тавоно ва қудратмандеро бо истифода аз кӯмакҳои низомии кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ таъсис диҳанд.

XS
SM
MD
LG