Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

60 миллион $ кӯмаки ADB


Макото Оҷиро, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Душанбе

Макото Оҷиро, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Душанбе

Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин 60 миллион доллар барои иҷрои ду барнома дар Тоҷикистон ихтисос дода хоҳад шуд: «Бонки Осиёии Рушд барномаеро ба роҳ монд, ки тибқи он ба Тоҷикистон 60 миллион доллар грант ихтисос дода хоҳад шуд. Ин грант барои иҷрои ду барнома ихтисос дода мешавад. Бонки Осиёии Рушд 20 миллион доллар сармоягузории иловагӣ барои барномаи сохтмони роҳи Душанбе - Қирғизистон ихтисос хоҳад дод ва 40 миллиони дигар барои барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ба ихтиёри ҳукумати ҷумҳурӣ қарор медиҳад.»

Макото Оҷиро афзуд, аз соли 1998 ба ин сӯ Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон беш аз 372 милион доллар қарз беш
Бонки Осиёии Рушд 20 миллион доллар барои барномаи сохтмони роҳи Душанбе - Қирғизистон ва 40 миллиони дигар барои барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ба ихтиёри ҳукумати ҷумҳурӣ ихтисос медиҳад.
33 миллион доллар кӯмакҳои фаннӣ ва беш аз 160 милион доллар грант ихтисос додааст. Дар маҷмӯъ, ин муассисаи молӣ аз соли 1998 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 566 милюн доллар эътиборот ва кӯмакҳои билоиваз ироа кардааст. Ҳамчунин Макото Оҷиро гуфт, ки қарор аст, дар соли 2010 ба Тоҷикистон боз беш аз 70 миллион доллар ҳамчун грант ихтисос дода шавад: «Тибқи барномаҳои ояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, дар соли 2010 ба ихтиёри ин кишвар 74 миллион доллар ҳамчун грант ихтисос дода хоҳад шуд.» Ба гуфтаи Макото Оҷиро, ҳоло мушаххас нест, ки ин маблағ барои чӣ аҳдофе масраф хоҳад шуд, зеро коршиносони Бонки Осиёии Рушд якҷо бо намояндагони вазоратхонаҳои молия ва рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд.

Макото Оҷиро гуфт, ҳарҷанд дар поёни соли гузашта коршиносон коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекарданд, вале тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2009 иқтисоди ин кишвар рушди 2,8-дарсадӣ доштааст. Оқои Оҷиро афзуд, ки агар ин омор саҳеҳ бошад, пас дар шароити бӯҳронӣ ин амрро метавон муваффақияти давлати Тоҷикистон шумурд. Макото Оҷиро дар нишасти матбуотии худ гуфт, ҳазинаи тарҳҳое, ки Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонад, дар ҳоли ҳозир 433 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG