Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки осиёии Рушд (БОР) ахиран таъкид кардааст, ки мушкил дар муносиботи сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар амри татбиқи тарҳҳои энержии ин ниҳоди байнулмилалии молӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.

Макото Оҷиро, намояндаи махсуси Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ки тоза ба фаъолият дар ин мақом шурӯъ кардааст, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз баҳсу баррасиҳои ин ду кишвар сари масъалаҳои обу энержӣ воқиф аст ва барои иҷрои ин тарҳҳо тавофуқи кишварҳои ҳамсудро хеле муҳим меҳисобад. М. Оҷиро аз ҷумла гуфт: «Азбаски ин мушкил хеле ҷиддӣ аст, Бонки осиёии Рушд ҳамеша омода аст, барои ҳалли мусбати ин масъала ба ҳукумат кумак расонад. Вале бо ин вуҷуд дар барномаи кории бонк эҳдоси системҳои энержии минтақа ба нақша гирифта шудааст. Аммо ҳанӯз нуктаҳои аслии ин пружа мушаххас нест, чун он бояд бо гузашти беш аз се сол амалӣ шавад, ҳарчанд, ба гумони ғолиб, ин лоиҳа беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад».
Макото Оҷиро дар нишасти матбуъотӣ
Макото Оҷиро ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон ба манзури мушкили камбуди барқ дар кишвар аз Бонки осиёии Рушд дархост намудааст, то чанд лоиҳаи нави энержиро маблағгузорӣ бикунад. Ба гуфтаи намояндаи нави БОР, дар ҳоли ҳозир бонки мазкур пружаҳои пешниҳодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст ва, ба эҳтимоли қавӣ, барои мусоидат ба ҳалли мушкили барқи Тоҷикистон дар соли оянда тасмим гирифта мешавад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, БОР то имрӯз барои ширкат дар иҷрои ҳеч як пружаи ҳидроэнержӣ дар ин кишвар изҳори омодагӣ накардааст. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик», мегӯяд: «Ҳоло бо ширкати маблағи Бонки осиёии Рушд танҳо як лоиҳаи энержӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад ва ин ҳам бо маблағгузории муштараки чанд ниҳоди дигари байнулмилалии молӣ. Ин лоиҳаи беш аз 63-милюндолорӣ барқарорсозии хутути интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии Норакро дар назар дорад, ки бояд дар соли оянда ба итмом расад».
Ва аммо дар Бонки осиёии Рушд мегӯянд, ки таййи се соли оянда ҷиҳати татбиқи тарҳҳои марбут ба энержӣ дар Тоҷикистон 26 миллион доллари амрикоӣ ихтисос хоҳад дод. Дар маҷмӯъ, феълан ин ниҳоди байнулмилалии молӣ омода шудааст, то соли 2010 ҳамчунин барои рушди соҳоти кишоварзӣ ва роҳу нақлиёти Тоҷикистон ҳудуди 190 миллион доллар ҷудо кунад. Ба гуфтаи Макото Оҷиро, яке аз ҳадафҳои аслии фаъолияти ин бонк дар Тоҷикистон дар зарфи се соли оянда мусоидат дар бозсозии соҳаи кишоварзӣ, бахусус саноати пахта, будааст ва барои анҷоми он 40 миллион доллар масраф хоҳад шуд.
Ба эътиқоди оқои Оҷиро, қарзи хоҳагиҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон бисёр зиёд ва ба ҳадде нигаронкунанда шудааст, ки бояд ба зудтарин фурсат ин соҳа бунёдан таҷдид карда шавад.
Дар ҳоли ҳозир Бонки осиёи Рушд дар Тоҷикистон 14 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи 290 миллион доллар татбиқ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар давоми 9 соли узвияташ дар бонки мазкур Тоҷикистон аз он ба андозаи беш аз 420 миллион доллар кумакҳои боимтиёз ва билоиваз дарёфт намудааст.
XS
SM
MD
LG