Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири кори Бонки Осиё дар Тоҷикистон


Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд дар давоми чор соли оянда аз додани қарз ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст.

Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «дар гузашта мо ба Тоҷикистон қарзҳои боимтиёз медодем ва кӯмакҳои ройгон мекардем. Вале ба далели нигарониҳо аз афзоиши қарзҳои хориҷии давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ҳад зиёд будани теъдоди мардуми камбизоат дар ин кишвар Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифт, ки дар давоми 3-4 соли оянда аз додани ҳар навъ қарз ба Тоҷикистон худдорӣ кунад ва тайи ин муддат танҳо кӯмакҳои ройгони молӣ расонад».

Ба эътиқоди коршиносони Бонки Осиёии Рушд, дар ҳоли ҳозир қарз, ё бидеҳкориҳои хориҷии давлати Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 300 миллион долларро ташкил медиҳад, ки муъодили 30 дарсади ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ ва ё нохолиси миллии ҷумҳурӣ аст. Ва ин миқдор бидеҳкориҳои хориҷӣ барои иқтисоди кишвар дар оянда хатареро дар пай дорад.

Дар бораи вазъи молии Тоҷикистон, бидеҳкориҳои хориҷии ин кишвар ва хатари ношӣ аз он ба иқтисоди Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд, Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ пажӯҳишеро анҷом додаанд. Натиҷаҳои он дар тӯли як моҳи оянда нашр хоҳад шуд.

Аммо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ба ин иддаъоҳо мувофиқ нест ва ҳачми бидеҳкориҳои хориҷии Тоҷикистонро ночиз медонад. Вай меафзояд, «1 миллиард доллар барои давлат чизе нест. Давлат шахси алоҳида нест, ки 10 доллар барояш мушкил эҷод кунад. Қарзи давлатӣ ба вазорати молия дахл дорад, вале ман ба унвони иқтисоддон мегӯям, ки ин қарз ночиз аст ва касе, ки дар ин замина таҳлил надорад, ин қарзро нигаронкунанда мехонад».

Аммо Шералӣ Зардов, раҳбари котиботи машваратии дафтари раёсати ҷумҳурӣ, аз афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки Тоҷикистонро зарур аст, ба хотири коҳиши ин қарз аз вомҳои хориҷӣ даст кашад ва аз сармояҳои дохилӣ бештар баҳра бубарад.

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, то андозае ба назари раиси Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ аст. Аммо ба эътиқоди вай, дар ин иддаъоҳо на ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ муҳим аст, балки масъалаи эътимоди ниҳодҳои сармоягузори ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Вай афзуд, «ба назари ман, далели аслии ин иқдоми Бонки Осиёии Рушд рабт дорад ба муносибати мақомоти ҷумҳурӣ ба созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ. Замоне, ки мақомоти Тоҷикистон бо ироаи иттилооти ғайривоқеъӣ кӯмакҳои молии Сандуқи байнулмилалии пулро ба даст овард, эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ коҳиш ёфт ва пас аз ин ҳар ниҳоди байнулмилалӣ қабл аз додани қарз ба Тоҷикистон андеша мекунад».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони Институти пажӯҳиши иқтисоди вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин кишвар дар сурате метавонад мизони камбизоатӣ дар ҷумҳуриро коҳиш бидиҳад, ки агар солона тавонад рушди маҷмаъи маҳсулоти дохилиро то 13 дарсад боло бубарад.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон мизони рушд дар ин ҷумҳуриро 7,2 дарсад хондаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносони Бонки Осиёии Рушд, ин рақам аз 5 дарсад боло нест. Ба илова, ба қавли коршиносони Бонки Осиёии Рушд, беш аз 62 дарсади мардуми Тоҷикистон дар зери хати фақр ба сар мебарад.


Ин дар ҳолест, ки Бонки Осиёии Рушд бо мақомоти Тоҷикистон барномаи стратегии ҳамкориҳои худ то соли 2020-ро ба тасвиб расондааст ва тибқи ин барнома, ин ҳамкориҳо рушд хоҳад кард. Бар асоси ҳамин барнома ахиран ин бонк барои таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқи нерӯгоҳи Норак 55 миллион доллар кӯмакҳои молӣ расондааст ва барномаи таъмири роҳи мошингард миёни Тоҷикистон ва Узбакистон низ матраҳ аст, ки ба гуфтаи коршиносони ҳамин бонк, тавассути кӯмакҳои молии билоиваз анҷом хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG