Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ. Боқиев: "Номзадиамро дар даври севвум намегузорам"


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон
Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, президенти Қирғизистон ва номзад ба давраи дуввуми интихоботи президентӣ, гуфт, бори севвум номзадиашро пешбарӣ нахоҳад кард.

Қурмонбек Боқиев имрӯз баъди раъйдиҳӣ бо хабарнигорон мулоқот кард ва гуфт, «қонунро бояд эҳтиром ва иҷро кард. Агар дар кишварҳои дигар қонунҳое мавҷуданд, ки ба 10 ё 20 сол ва ё барои якумрӣ интихоб шудани президентҳо имкон медиҳанд, дар он сурат бигзор, ки онҳо ҳамон тавр кор кунанд, яъне агар ин кор хилофи қонунгузориҳо набошад. Вале дар Қирғизистон чунин нахоҳад шуд».

Вай афзуд, «онҳое, ки маро хуб медонанд, инро таъйид хоҳанд кард». Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, ҳукумат бояд аз роҳи қонун ба дасти дигар гузарад.

Номзад ба давраи дуввуми интихоботи президентӣ ҳамчунин тазаккур дод, ки хизмати хирсонаи роҳбарони идораҳои ҳукуматиро намепазирад. Вай гуфт, «ин интихобот аз интихоботҳои қаблӣ бо фаъолии раъйдиҳандагон фарқ мекунад, зеро онҳо имрӯз масъулият дарк мекунанд ва афкорашон тағйир ёфтааст. Тавассути шиорпартоиҳо ва садобаландкуниҳо вазъиятро наметавон дигар кард».

Вале мухолифони Қурмонбек Боқиев пофишорӣ мекунанд, ки ӯ аз захираҳои маъмурӣ фаровон истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар 2100 ҳавзаи интихоботӣ раъйдиҳандагон ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ омада, ба тарафдории яке аз шаш номзад ба мақоми президентии кишвараш оро медиҳанд. Аввалин натиҷаҳои муқаддамотии интихобот зуҳри имрӯз эълон хоҳад шуд.

Интихобот президентӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG