Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи хомӯшӣ" дар Қирғизистон


Ҷунбиши «Барои интихоботи одилона» эълон кард, ки 23 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар Қирғизистон назарпурсӣ баргузор хоҳад кард.

Бино ба ин манбаъ, назархоҳӣ дар 90 ҳавзаи раъйдиҳӣ сурат хоҳад гирифт ва аз раъйдиҳандагон фақат пурсида хоҳад шуд, ки ба тарафдории кадом номзад овоз додаанд.

Ба гуфтаи дастандаркорони ин назархоҳӣ, ҷунбиши «Барои интихоботи одилона» ба ин васила муайян хоҳад кард, ки оё интихоботи президентӣ одилона баргузор шуд ё на ва раъйдиҳандагон дар интихоби президент аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархурдор буданд ё хайр. Гуфта мешавад, ки аъзои ин ҷунбиш ҳангоми шумориши варақаҳои ройдиҳӣ ширкат мекунад.

Ҳамзамон 22 июл дар Қирғизистон «Рӯзи хомӯшӣ» эълон шудааст. Мувофиқи низоми комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо, ҳар навъ таблиғ ба нафъи яке аз номзадҳо дар ин рӯз мамнӯъ аст.

Вале ба ақидаи иддае аз мухолифони Боқиев, сарнавишти интихоботи президентӣ қаблан ҳаллу фасл шудааст ва бидуни иштибоҳи онҳо ин интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд сурат хоҳад гирифт.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби «Ота Мекен», ба радиои Озодӣ иброз дошт, ки мақомоти идории маҳаллӣ аз раҳбарони идораҳои буҷавӣ тақозо кардаанд, фақат ба тарафдории президент Боқиев раъй диҳанд ва кормандони худро низ ба иҷрои ин кор сафарбар намоянд.

Ба гуфтаи оқои Текебоев ин мақомот ошкоро таҳдид мекунанд, ки дар сурати ба даст наовардани миқдори муайяни оро ба ҷонибдории Боқиев роҳбарони ин идораҳо аз курсии худ маҳрум хоҳанд шуд.

Аммо ба ақидаи Бейшенбек Абдураззоқов, депутати порлумон аз ҳизби «Ақ Жол», баъди инқилоби лолаӣ интихоботҳо нисбатан озод ва дар фазои демократӣ баргузор мешаванд.

Академик Айдарбек Кучкунов чунин мешуморад, ки барои мардуми камбизоат ба сари қудрат омадани яке аз ин шаш номзад ҳаргиз муҳим нест. Оқои Кучкунов мегӯяд, дар шароити ногувори иқтисодӣ баргузории интихоботи шаффоф кори сахт ва аз имкон берун аст.

Ба гуфтаи Айдарбек Кучкунов, мардуми зиёд зимни баргузории мулоқотҳо бо номзадҳо бешак интизор буданд, ки ин номзадҳо бо корвони мошинҳо меоянд ва барои чанд рӯз ин мардум аз ғами пайдо кардани ғизо наҷот меёбад.

Оқои Кучкунов гуфт, ки муҳоҷирати кории қирғиз сол аз сол меафзояд, сафи бекорон ва теъдоди оилаҳои камбизоат афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аксарияти мардуми кишвараш побанди хӯрондану пӯшонидани аъзои хонаводаашон ҳастанд, аз ин лиҳоз ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба маъракаи раъйдиҳӣ кори саҳл нест.

Ба гуфтаи иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ, мардуми Қирғизистон дар се-чаҳор соли ахир аз нигоҳи сиёсӣ хеле тағйир ёфтааст ва ҳаргиз ба таҳаввулоти кишвар бетарафӣ зоҳир намекунад. Коршиносон меафзоянд, ки ширкати мардуми зиёд дар маъракаи раъйдиҳии 23 июл ин ақидаро собит хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG