Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар остонаи интихоботи президентӣ


Мулоқоти Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон ва ҳамзамон номзад ба мақоми президенти ин кишвар, бо ҷонибдоронаш дар шаҳри Ош
Мулоқоти Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон ва ҳамзамон номзад ба мақоми президенти ин кишвар, бо ҷонибдоронаш дар шаҳри Ош

Шаҳрдории Бишкек номаи ҷонибдорони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур Қурмонбек Боқиевро дар мавриди таъсиси як раҳпаймоӣ напазируфт.

Ба гуфтаи мақомоти Бишкек, дар номаи ҷонибдорони президент Боқиев омадааст, ки 21-уми июл дар хиёбонҳои марказии пойтахт раҳпаймоӣ баргузор хоҳанд кард. Аммо бино ба таъкиди шаҳрдорӣ дар ин рӯзҳо бархе аз хиёбонҳои шаҳри Бишкек куллан тармим мешавад ва ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбонҳое сурат мегиранд, ки ҷонибдорони президент Боқиев хостаанд, маҳз дар ин хиёбонҳо раҳпаймоиҳои густурда таъсис диҳанд.

Мақомоти шаҳрдорӣ дар робита ба напазируфтани номаи ҷонибдорони президент Боқиев ҳамчунин далел овардаанд, ки ин чорабинии онҳо равуои сокинони шаҳри Бишкекро низ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон то 21-уми июл барномаҳои пеш аз интихоботии худро тарғиб хоҳанд кард. Гуфта мешавад, 22-юми июл дар Қирғизистон рӯзи хомушӣ эълон шудааст ва комиссияи марказии интихобот ва референдумҳои ин кишвар баргузории ҳар гуна мулоқот ва тарғибот ба фоидаи номзадҳоро комилан мамнӯъ эълон кардааст.

Ба иттилои комиссияи марказии интихобот, беш аз 17 ҳазор раъйдиҳандагон аллакай ба тарафдории номзади дилхоҳи худ овоз додаанд. Бақит Ҷумагулов, сухангӯи комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо, мегӯяд, кормандони хадамоти интизомӣ, сарбозони артиш, аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ ва шахсоне, ки барои чанд муддат Қирғизистонро тарк хоҳанд кард, аз зумраи афродеанд, ки ҳаққи пеш аз вақт раъй додан доранд.

Вай афзуд, вале маълум шуд, ки ба яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Бишкек кормандони соҳаи тандурустӣ низ барои раъйдиҳии пеш аз вақт омадаанд ва далел овардаанд, ки рӯзи интихобот масруф ҳастанд.

Алмосбек Атамбоев яке аз рақибони аслии Қурмонбек Боқиев дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ҷараёни раъйдиҳии пеш аз вақт аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ ба қонуншиканиҳо роҳ доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ онҳое ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд, ки ҳақи пеш аз вақт овоз доданро надоштаанд.

Дар ҳамин ҳол шаш номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон талош ба харҷ медиҳанд, ки теъдоди ҳар чи бештари раъйдиҳандагонро ба сӯи худ ҷалб кунанд. Алмосбек Атамбоев, яке аз рақибони асосии президенти вақти Қирғизистон, рӯзи душанбе эълон кард, ки 23-юми июл пирӯзӣ бар ҷониби ӯст.

Ба гуфтаи Алмосбек Атамбоев, ҳукумат аз интихоботи шаффофу демократӣ манфиатдор нест, вале тарафдорони ӯ баргузории ин гуна интихоботро ба ҳукумат намоиш хоҳанд дод. Оқои Атамбоев афзуд, ки 23-юми июл дар майдони марказии шаҳри Бишкек ба хотири пирӯзии ӯ як галаконсерт баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи Алмосбек Атамбоев, ситоди вай дар ин маврид мақомоти шаҳрдориро огаҳ кардааст.

Нурлан Мотуев, номзади дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ба фоидаи ягон номзад истеъфо нахоҳад дод ва овозаҳо дар мавриди истеъфои ӯ беасосанд.

Нурлан Мотуев, номзади маъруф ба номи «Шоҳи ангишти Қирғизистон», аз интиқоди президенти вақти кишвараш худдорӣ варзид, вале номзадҳои боқимонда, ба вижа Алмосбек Атамбоевро бо суханҳои қабеҳ ҳақорат дод ва афзуд, ки Атамбоев номзади арзанда нест.

Ба гуфтаи коршиносон ҳукумат ба хотири пирӯзии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур Қурмонбек Боқиев тамоми чораҳоро пиёда кардааст. Коршиносон меафзоянд, ки ройдиҳии пеш аз вақт ва ба ин маърака ҷалб кардани кормандони идораҳои буҷавии кишвар яке аз ин чорабиниҳост, ки иҷборан сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG