Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори оятуллоҳ Хоманаӣ ба мухолифин


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нуқбагони сиёсиро ҳушдор дод, ки дар бӯҳрони пешомада баъд аз интихоботи рӯзи 12 июни раёсати ин ҷумҳурӣ дастхуши бозиҳои душманони кишвар нашаванд. Хоманаӣ, ки дар баробари мақомоти олии Эрон сухан меронд, ҳамчунин кишварҳои хориҷиро ба дасти дахолат доштан дар хушунатҳои ахир дар Эрон айбдор кард.
Қаблан, раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ ба манзури хатми бӯҳрон хостори баргузории як райъпурсии саросарӣ ба хотири таъйиди машрӯъияти давлати кунунӣ шуд.
Эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн мавҷи эътирозҳои мухолифинро дар Эрон ба бор овард.
XS
SM
MD
LG