Пайвандҳои дастрасӣ

Солеҳӣ раҳбари созмони ҳастаии Эрон таъйин шуд


Раҳбари нави созмони ҳастаии Эрон таъйин шуд. Хабаргузории расмии ИРНО навишт, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ин симат Алиакбар Солеҳӣ, фиристодаи собиқи Теҳрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаиро таъйин кардааст.
Солеҳӣ дар мақоми раҳбарии созмони ҳастаии Эрон Ғуломризо Оқозодаро иваз мекунад. Оқозода рӯзи панҷшанбе ҳам аз раҳбарии ин созмон ва ҳам аз симати ноиби раисиҷумҳури Эрон истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG