Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии сандуқҳои сиёҳи "Ҳавопаймои Каспий"


Баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ниҳоят сандуқҳои сиёҳи ҳавопаймои суқуткарда дар шимолу ғарби Эрон, ки 168 мусофири онро кушта бар ҷой гузошт, ошкор шуд. Гуфта мешавад, ки сандуқҳои сиёҳ осеб дидааст, вале муҳаққиқон бо ин вуҷуд талош доранд ҳаддалимкон маълумоти дар дохили сандуқҳо сабтшударо барқарор кунанд. То ҳол сабаби суқути таёраи ширкати "Ҳавопаймои Каспий" мушшаххас нашудааст. Таёраи "Ҳавоипаймои Каспий" аз Теҳрон ба самти Ереван ҳаракат мекард, ки дар дақиқаҳои аввали баъди тарки фурудгоҳ карданаш дар наздикии шаҳри Қазвин ба замин сарозер шуд. Ҳавопаймо ҳангоми бархӯрд бо замин мунфаҷир шудааст. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки ҳангоми суқут қисмати ахири ҳавопаймо аллакай оташ гирифта буд.
XS
SM
MD
LG