Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Ҷавонон»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон - РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе - бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ дар майдони худ аз тими «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашт. «Локомотив»-и Душанбе низ бозиро ба дастаи меҳмон - «Барқ»-и Норак - бо ҳисоби 1:6 бой дод.

«Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки бо 21 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо «Ҳулбук»-и Восеъ, ғолиби давраи аввали мусобиқот шуд.

«Хайр» бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Ҷавонон» бо 17 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 14-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

8

7

0

1

18-8

21

2.

«Хайр»

9

6

2

1

28-14

20

3.

«Ҷавонон»

9

5

2

2

25-13

17

4.

«Панҷшер»

9

5

0

4

26-13

15

5.

«Ҳулбук»

8

3

0

5

14-20

9

6.

«Локомотив»

9

3

0

6

7-21

9

7.

«Барқ»

8

2

2

4

12-17

8

8.

«Зарафшон»

8

2

2

4

11-16

8

9.

РШВСМ

9

2

2

5

10-17

8

10.

«Рангонгаз»

9

2

2

5

10-22

8


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 11 гол, Темур Ризоев («Ҷавонон») – 8, Дилшод Табаров («Хайр») ва Фозил Ҳабибов («Зарафшон») - 7-голӣ.

Ду бозии охирини мавқуфмондаи давраи аввали мусобиқот байни дастаҳои «Ҳулбук» - «Саройкамар 14-уми июл» ва «Зарафшон» - «Барқ» 17-уми июл баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG