Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев Саакашвилиро айбдор кард


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия масъулияти низоъ дар Осетияи ҷанубӣ дар моҳи августи соли гузаштаро бар дӯши сарвари Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гузошт. Изҳороти Медведев дар ин бора дирӯз дар мулоқот бо низомиёни нерӯҳои баҳрии Русия дар шаҳри Сочӣ садо дод. Аз ин пеш раисиҷумҳури Русия ғайриинтизор вориди Осетияи ҷанубӣ шуд ва бо сарвари ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ Эдуард Кокойта дидору гуфтугӯ кард.
Тифлис ин сафари сарвари Русияро қатъӣ маҳкум намуд ва онро “дасиса” унвон кард. Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки сафари Медведев ба Осетияи ҷанубӣ як амали “бадахлоқона” аст.
XS
SM
MD
LG