Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико, мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ дар Ҳилманд ба танг кардани мавқеи Толибон муваффақ шудаанд.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Sky Newsи Бритониё гуфт, аммо ҳанӯз дар бораи пирӯзӣ дар амалиёти густарда алайҳи Толибон ҳарф задан барвақт аст ва тобистони имсол дар Афғонистон задухурдҳои шадид ба вузӯъ хоҳанд пайваст. Айни ҳол, ба гуфтаи Обама, ҳадафи аслӣ - баргузории интихоботи демократии раёсатҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 20 августи соли равон аст.

Ҳазорон низомии амрикоӣ ва бритониёӣ дар амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар Ҳилманд ширкат доранд, дар минтақае, ки солҳои ахир ба пойгоҳи нерӯҳои мухолифи Кобул табдил шудаааст. Ҳадаф аз ин амалиёт - то интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон танг кардани мавқеи толибон дар Ҳилманд ва қатъи интиқоли силоҳ ба ин минтақа аз Покистон аст.

Дар амалиётҳои ҳафтаи гузашта 172 мусаллаҳи душмани ҳукумат [Толибон] ба ҳалокат расиданд. 27 нафар маҷрӯҳ ва 30 тан аз мухолифини сулҳу оромӣ боздошт шуданд...
Дирӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул, сухангӯи вазорати дифоъ Замирай Башарӣ эълом дошт, ки ҳафтаи гузашта талафот миёни Толибон афзоиш ёфт. Вай гуфт, “дар амалиётҳои ҳафтаи гузашта 172 мусаллаҳи душмани ҳукумат ба ҳалокат расиданд. 27 нафар маҷрӯҳ ва 30 тан аз мухолифини сулҳу оромӣ боздошт шуданд. Онҳо айни ҳол мавриди бозпурсии сохторҳои ҳукуматӣ қарор доранд. Талафот миёни душманони мусаллаҳи ҳукумат назар ба ҳафтаи пешин 37 дарсад бештар шудааст”.

Барак Обама гуфт, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш вазъи баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро баррасӣ мекунанд ва барои таҳкими таълиму тамрини артиш ва полиси афғон иқдом мекунанд.

Изҳороти Барак Обама дар ҳоле садо дод, ки дар Бритониё, кишвари ҳампаймони Амрико, нигарониҳо аз ҳалокати сарбозон дар Афғонистон ҳарчӣ амиқтар мешавад. Тайи даҳ рӯзи ахир дар Афғонистон 15 сарбози бритониёвӣ кушта шуданд. Аз шурӯъ амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон 184 низомии Бритониё ба ҳалокат расиданд, ки назар ба талафот дар Ироқ 5 нафар бештар аст.

Дар ҳамин ҳол сарвазири Бритониё Гордон Браун аз стратегияи низомии кишвар дар Афғонистон дифоъ кард ва гуфт, ки бо вуҷуди афзоиши теъдоди сарбозон, Бритониё дар роҳи дуруст гом мегузорад. Дар нома унвонии комиссиюни парлумонӣ Браун навиштааст, ки онҳо дар мубориза бо Толибон дар ҷануби Афғонистон пирӯз хоҳанд шуд.

Барак Обама низ дар мусоҳиба бо шабакаи Sky News аз нақши чашмгири низомиёни Бритониё дар Афғонистон ситоиш кард. Зимнан, Вошингтон эълом дошт, ки боз 30 ҳазор низомии худро ба Афғонистон интиқол медиҳад ва онҳо ба 33 ҳазор низомии амрикоӣ ва 32 ҳазор афсару сарбози дигар кишварҳои узви НАТО ҳамроҳ мешаванд.

Ба хотири тақвияти амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои ошубгари Афғонистон, Барак Обама моҳе пеш генерал Стэнли МакКристал, раҳбари пешини нерӯҳои зудамали амрикоӣ дар Ироқро фармондеҳи низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон таъин кард.
XS
SM
MD
LG