Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таблиғоти интихоботӣ дар Афғонистон


Рӯзи сешанбе дар Афғонистон корзори пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ расман оғоз ёфт.

Дар Кобул ва шаҳрҳои дигари Афғонистон ба зудӣ ҷодаҳову хиёбонҳо ва ҳамин тавр, деворҳои биноҳо ва ҳатто шишаи пушти мошинҳо пур аз тасовир ва тоблуҳои таблиғотии номзадҳо шудааст.

РАҚОБАТИ 41 НОМЗАД

Собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдуллоҳ яке аз рақибони аслии Ҳомиди Карзай дар интихобот маҳсуб мешавад.
Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба интихоботи рӯзи 20 август дар маҷмӯъ 41 номзадро сабти ном кардааст, ки теъдоди барои Афғонистон рекордӣ ва назар ба 18 номзаде, ки соли 2004 дар интихоботи нахустин раисиҷумҳури баъди Толибон дар Афғонистон вориди мубориза шуда буданд, беш аз 2 маротиба зиёдтар аст.

Феҳрасти номзадҳо як идда аз шахсиятҳои маъруфи Афғонистон, аз ҷумла раиси кунунии он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзайро фаро мегирад, ки ин дафъа ба ҳайси номзад ба ноибии худ вазири пешини дифоъ Муҳаммадқасими Фаҳими тоҷик ва раҳбари ҳазораҳо Карим Халилиро интихоб кардааст.

Вазири собиқи молияи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири пешини умури хориҷӣ доктор Абдуллоҳ ва вазири собиқи плон Рамазон Башардӯст аз дигар номзадҳои шинохта ва аз рақибони умдаи Карзай дар интихоботи 20 август маҳсуб мешаванд.

НОМЗАДИ ҚАНОТИ МУЪТАДИЛИ ТОЛИБОН

Аммо рӯйхати тӯлонии номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамин тавр, ду номзади зан – Фурӯзон Фано ва Шаҳло Ато, чанд вазири собиқ, шоир Латифи Пидром ва Мулло Абдусалом Рокетиро, ки намояндаи қаноти мӯътадилтари Толибон низ шинохта мешавад, дар бар мегирад.

Азизуллоҳ Лодин, раҳбари куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, вақте феҳрасти ниҳоӣ ва чунин тӯлонии номзадҳо ба интихоботро муаррифӣ мекард, гуфт, ағлаби довталабон афроди дар кишвар шинохта ва маъруф нестанд ва саводи казоиву таҷрубаи кофии раҳбарӣ низ надоранд, вале қонунҳои Афғонистон ба онҳо низ ҳаққи ширкат дар интихобот ва мубориза барои мақоми раёсатҷумҳуриро додааст ва онҳо аз ин ҳаққи худ истифода бурдаанд.

Мавзӯъи интихобот ва феҳрасти тӯлонии муддаиёни курсии раҳбарии Афғонистон дар ин шабурӯз аз мавзӯъҳои аввали вирди забон дар маҳофили он кишвар шудааст.

Довуд Наҷафӣ, раиси дорулиншои куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон аммо мегӯяд, то рӯзи сешанбе на ҳамаи номзадҳо феҳрасти дороиҳои худро ба ин ниҳод пешниҳод кардаанд. Ӯ мегӯяд, ин афрод фақат то поёни рӯзи сешанбе ҳаққ доранд ин кӯтоҳии худро ислоҳ ва кулли дороиҳои худро эълом кунанд, вагарна асомии онҳо дар матбуот нашр хоҳад шуд. Наҷафӣ мегӯяд, қонун таъмини молии номзадҳо аз ҳар навъ манбаъи хориҷиро қатъиян манъ кардааст.

ИНТИХОБОТИ БО ТАЪХИР

Интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурии Афғонистон, тибқи Қонуни асосии он кишвар, бояд дар моҳи майи соли ҷорӣ барпо мешуд. Аммо ин маъракаро ба далели нигарониҳои амниятӣ то 20 август ақиб андохтанд. Амрико ва кишварҳои дигари узви паймони низомии НАТО қасд доранд, ба хотири таъмини амният ва субот дар рӯзҳои интихобот шумори нирӯҳои худро дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳанд.

Аз ҷумла, Амрико шумори нирӯҳои худ дар ин кишварро аз 32 000 сарбози соли гузашта акнун то ба 58 000 нафар афзуда, мехоҳад то поёни сол ҳузури низомиашро дар Афғонистон ба 68 000 сарбоз бирасонад.

Бо ин вуҷуд, Афғонистон дар ҳоле вориди корзорҳои пешазинтихоботӣ мешавад, ки мизони ноамниҳо дар ин кишвар ба гунаи қобили мулоҳиза боло меравад.

Генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, ки масъулияти фармондеҳии амалиётҳои низомии кишвараш дар Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дорад, ахиран дар Вошингтон изҳор дошт, ки мизони хушунатҳо дар Афғонистон тайи ду соли охир бадтар шуда, дар ҳафтаи аввали моҳи июн ба қуллаи олиаш расидааст. Генерал Петреус аммо ҳушдор дод, ки онҳоро мушкилоти сахттаре ҳанӯз дар пеш аст: “Ҷойи шакк нест, ки авзоъ дар давоми ду соли охир қисман бад шудааст. Ва мароҳили сахте ҳанӯз дар пеш аст.”

Генерали амрикоӣ гуфт, танҳо дар ҳафтаи аввали моҳи июн дар Афғонистон беш аз 400 ҳамлаи чирикиҳо, бо шумули шабехунҳову инфиҷори бомбу минаҳо ва ҳамлаҳо ба таъсисоти иҷтимоиву давлатӣ, мушоҳида шудааст.

Омори ISAF, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони НАТО амал мекунанд, мегӯяд, ҳамалоти чирикиҳо дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 59 дарсад афзуда, ба 5222 ҳамла расидааст. Бар асоси ин омор, чирикиҳо танҳо дар моҳи май дар Афғонистон 1450 ҳамла анҷом додаанд, ки ба сари худ собиқа надорад.
XS
SM
MD
LG