Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин тоҷик дар маҳбаси Гуантанамо


Мақомоти расмии Тоҷикистон аз изҳори назар дар робита бо сарнавишти зиндонии Гуантанамо, Умар Абдуллоев, худдорӣ карданд.

Абдуллоев охирин зиндонӣ аз 11 маҳбуси тоҷики Гуантанамо аст, ки гуфтааст, намехоҳад, ба ватан баргардад.

Метю Оҳара, вакили ҳуқуқии Абдуллоев ба рӯзномаи амрикоии "Miami Herald" гуфтааст, намояндагони амниятии Тоҷикистон дар Гунтанамо бо Абдуллоев мулоқот карда, хостори ҳамкории ӯ шудаанд ва гуфтаанд, дар ҳоле ба озодӣ хоҳад баромад, ки ба миёни гурӯҳҳои тундрави исломӣ баргашта, вазифаи ҷосусиро бар дӯш бигирад.

Аммо, гуфта мешавад, Абдуллоев ин пешниҳодро рад кардаст.

Абдуллоев гуфтааст, аз ин хотир, аз бозгашт ба ватан хавф дорад. "Miami Herald" менависад, зиндониёни Гуантанамо аз ҷумлаи шаҳрвандони Чин, Тунис, Урдун ва Лубнон низ даъво доранд, ки аз сӯйи хадамоти махсуси кишварҳояшон ҳамин гуна пешниҳод гирифтаанд.

Ба навиштаи ин нашрия, собиқ вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд ба муфаттишони хориҷӣ ҳуқуқи сӯҳбат бо маҳбусонро дода буд.

Оё чунин мулоқоту пешниҳод сурат гирифтааст? Дар Кумитаи амнияти давлатӣ ва низ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид касе ҳозир нашуд, сӯҳбат кунад.

Ҳамчунин дар намояндагии созмони Салиби Сурх дар Тоҷикистон, ки таҳвили маҳбусони Гуантанамо маъмулан тавассути ҳамин созмон сурат мегирад, низ аз сӯҳбат дар масъалаи сарнавиштиУмар Абдуллоев худдорӣ карданд.

Аммо Зайнулобиддин Меъроҷов, собиқ маҳбуси Гуантанамо ва ҳоло сокини ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз нафаронест, ки бо Умар Абдуллоев вохӯрдааст.

Ӯ дидораш бо Умарро ин гуна тасвир кард: «Ман ӯро дар Гуантанамо як шаб барои 45 дақиқа дида будам. Маро ба блок оварданд, ӯро мебурданд аз гаупвахт. Ҷазояш тамом шуда буд. Ӯ аз гаупвахт баромад, ман даромадам. Миёнамон шиша буд. 45 дақиқа гап задем. Дигар бо ӯ ҳамсӯҳбат нашудаам. Бо дигарон борҳо вохӯрдам, аммо ӯро дигар надидам».

Оқои Меъроҷов афзуд, дар Гунтанамо 11 сокини Тоҷикистон таҳти боздошт қарор доштанд, аммо наметавонистанд, бо ҳам мулоқот кунанд: «Он ҷо ин қадар ҷое набуд, ки ҳамроҳи ҳар кас розу ниёз кунӣ. Боз ҷосус набошад гуфта, ҳеҷ кас рози далашро ба дигар кас намегуфт. Касе ба касе боварӣ надошт.»

Умар Абдуллоев зодаи шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор буда, соли 1992 бар асари ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк кардааст. Соли 2001 дар Покистон боздошт ва ба Гуантанамо фиристода мешавад.

"Miami Herald" аз қавли масъули Департаменти адлияи Амрико овардааст, ки бидуни ризоияташ Абдуллоевро ба Тоҷикистон нахоҳанд фиристод, зеро ин хилофи сиёсати хориҷии Амрикост ва қаблан бояд амнияти ӯ замонат дода шавад.

Тибқи иттилоъи расонаҳои хориҷӣ, аз 10 маҳбуси собиқи Гунтанамо дар Тоҷикистон ҳоло ду нафар ба мӯҳлати 17 сол маҳкум ба зиндон шуда, аммо бақия ба ҳаёти мулкӣ баргаштаанд.

Аксари онҳо дар Афғонистон ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ал-қоидаву Толибон ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт карда буданд, вале баъд аз ҳабси тӯлонӣ дар Гуантанамо ба далели собит нашудани ҷурмашон озод шудаанд.

Муҳиддин Идизода, рӯзноманигори тоҷик, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон ҳиҷрат карда буд, мегӯяд, сарнавишти маҳбусони Гуантанамо як саҳифаи дигари ғамангези ҷанги дохилии Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, иддае аз асирони тоҷики Гуантанамо донишҷӯи мактабҳои Покистон, Эрон ва кишварҳои араб буданд, ки ба ҳангоми бозгашт ба дасти Толибон афтода, маҷбур буданд, хизмати онҳоро кунанд.

Оқои Идизода афзуд, иддаи дигар онҳое ҳастанд, ки ба ватан барнагаштанд ва сарнавишт бо онҳо бозии шумеро роҳ андохт: «Бисёре аз бародарони афғон бар ивази як пули сиёҳ аз 3 то 10 ҳазор доллар тоҷиконро боздошт карда, ба низомиёни Амрико мефурӯхтанд. Хушбахтона, имрӯз бегуноҳии онҳо собит шудаву ба ватан баргаштаанд.»

Дар ҳамин ҳол Жаклин Маккенан, сухангӯйи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки аз қазияи Умар Абдуллоев дар сафорат хабаре нест ва барои дарёфти иттилоъ ба Вошингтон нома фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG