Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз тасмими бастани Гуантанамо дифоъ кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, барои бастани боздоштгоҳи Гуантанамо пофишорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, Гуантанамо “амнияти миллии Амрикоро заъифтар карда” ва ба “нидои ташвиқкунанлдаи душманони кишвар” табдил гаштааст. Як рӯз пеш аз ин нутқи Обама Сенати Амрико бо аксарияти оро иҷоза надод, барои бастани Гуантанамо 80 миллион доллар ихтисос дода шавад ва ҳамчунин иҷоза надод, то баъзе аз боздоштшудагони хатарноки онро ба зиндонҳои Амрико интиқол диҳанд.

Сарвари Амрико ваъда дод, ки дар оянда низ сиёсаташро ҳамеша дар асоси арзишҳои аслии “озодӣ, баробарӣ ва шараф” анҷом хоҳад дод. Вай гуфт, “мо миллате будем, ки утоқҳои азобу шиканҷаро барҳам дода, ситамгариро ба волоияти қонун иваз намудем. Мо чунин милат мебошем. Ва дар ҳоле, ки террористон танҳо беадолатӣ, бенизомӣ ва вайрониро пешниҳод мекунанд, амрикоиҳо бояд намоиш диҳанд, ки арзишҳо ва ниҳодҳои мо аз идеологияи нафрат мустаҳкамтаранд».

Обама бозҷӯиҳои дурушт ва боздошти ғайриқонунии гумонбарон дар терроризм дар замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Бушро тасмимҳои шитобкорона номида гуфт, ки ин тасмимҳо бештар дар заминаи тарс ва на дар асоси дурандеши гирифта шуда буданд. Ва пеш аз ҳама такшили шитобкоронаи боздоштгоҳи Гуантанамо аз чунин адами дурандеши маъмурияти Буш шаҳодат медиҳад, афзуд вай.

Ба гуфтаи Обама маъмуриаташ маҷбур аст бо бесарусомонии ҳуқуқие, ки ба вай мерос мондааст, сарукор дошта бошад. Дирӯз Обама ба мунаққидонаш тазмин дод, ки ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад ягон шахсе, ки ба амнияти мардуми Амрико таҳдид мекунад ба озодӣ барояд. Вай таъкид кард, ки маъмурияташ ҳар як парвандаи 240 боздоштшудаеро, ки дар Гуантанамо боқӣ мондаанд, бо диққат баррасӣ намуда, ҳалли қобили қабули қонуниро хоҳад ёфт.

Обама гуфт, вай медонад, ки муомила бо конгресс дар мавриди боздоштшудагони Гуантанамо мушкил хоҳад буд ва аммо ваъда дод, ки маъмуриаташ бо қонунгузорон ҳамкорӣ карда, дар ниҳоят ҳалли қобили қабулро пайдо хоҳад кард.

Бо ишора ба изҳоротҳои интиқодии муовини собиқи раисиҷумҳур Дик Чейни Обама аз ҷанбаи сиёсӣ додан ба ин мавзу ҳушдор дод: Вай гуфт, “ҳар дафъа, ки мо ин мавзӯъро мавриди баҳс қарор медиҳем, баъзе воҳимаангезон хизмати хирсонае мекунанд. Ман ба баҳсҳои охир гуш дода, ҳарфҳоеро шунидам, ки мешавад гуфт ҳадаф аз ин ҳарфҳо на таълими мардум, балки ба тарс овардани онҳо мебошад. Ин ҳарфҳо бештар ба сиёсат дахл доранд ва на ба кӯшиши таъмини амнияти кишварамон.”

Дик Чейни, ки ҳамоно баъд аз суханронии Обама нутқ карда буд, аз мунаққидони аслии хотимаи тарзҳои дурушти бозҷуӣ мебошад. Вай ба вижа мегӯяд, ки бозҷӯӣ бо истифодаи вонамуди ғарқсозӣ боздоштшудагонро маҷбур кард ба гуноҳашон иқрор шаванд. Обама ба истифодаи ин усулҳои бозпурсӣ баъди ба Кохи Сафед омаданаш хотима дод ва дирӯз бори дигар эълон кард, ки ба ҳайси сарфармондеҳи нерӯҳои низомӣ тамоми масъулияти таъмини амниятро ба зима гирифта, чунин тарзҳои дарёфти маълумотро қатъиян рад мекунад.
XS
SM
MD
LG