Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами нахуст дар бастани Гуантанамо


Дастгоҳи раёсатҷумҳури Амрико баъди чанд соати ба сари қудрат омадани Барак Обама ба додситонҳои низомӣ дастур додааст, то мурофиаи муттаҳамон ба терроризм дар зиндони Гуантанаморо мутаваққиф кунанд.

Додситонҳоро ҳидоят кардаанд, ки барои 120 рӯз мутаваққиф шудани муҳокимаи муттаҳамон дархости расмӣ кунанд, то ҳукумати нав масъалаи мазкурро бознигарӣ намояд.

Барак Обама қавл дода буд, ки зиндони Гуантанаморо мебандад, зеро онро бисёриҳо як доғе дар собиқаи риояти ҳуқуқи инсон дар Амрико медонанд.

Барак Обама дар рӯзи адои савгандаш дар ҳузури бештар аз як миллион тарафдоронаш дар Вошингтон гуфт, мушкилоти пеши рӯи Амрико воқеъӣ ва ҷиддӣ ҳастанд, аммо ваъда дод, ки онҳоро рафъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG