Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бенатиҷаи Бан Ки Мун ба Мянмар


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун шаҳри Янгонро баъди як боздиди кӯтоҳ бо дасти холӣ тарк кард. Мақомоти Мянмар ба ӯ ҳақи мулоқот бо раҳбари зиндонии мухолифин Аунг Сан Су Чиро надоданд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон қабл аз тарки ин кишвар карданаш Бан Ки Мун гуфт, ки вай аз ин ҳодиса "амиқан ноумед" шудааст. Дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Мянмар вай ду дафъа бо раҳбари низомии режим Тан Швен мулоқот кард, ки ба таври қотеъ раҳокунии зиндониҳои сиёсиро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG