Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, баъзе кормандони сафорат муҳокима мешаванд


Аҳмад Ҷаннатӣ-раиси Шӯрои Нигаҳбони Эрон гуфт, баъзе корманони боздоштшудаи сафоратхонаи Британия дар Теҳрон ба додгоҳ кашонда мешаванд. Ба идаъои ҷониби Эрон, гӯё онҳо дар ноормиҳои баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Теҳрон нақш доштаанд. Аҳмад Ҷаннатӣ мегӯяд, сафорати Британия дар ин нооромиҳо "даст" дорад ва кормандоне, ки боздошт шудаанд, "эътирофот додаанд". Вай дар ин бора ҷузъиёти бештар надодааст. Сафоратхонаи Британия бар зидди ин боздошт эътироз кард ва гуфт, аз 9 нафар кормандони маҳаллии сафорат, ки дар Теҳрон боздошт шуда буданд, то ҳол 7 нафарашон озод шудаанд.
XS
SM
MD
LG