Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистониҳо аз толибон ва "Ал-Қоида" муттанафиранд


Бештари сокинони Покистон ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида”-ро хатари ҷиддӣ барои амнияти кишвар мехонанд. Тибқи назарпурсие, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, 81 дар сад дар бораи ин гурӯҳҳои ифротгаро чунин назар доранд. Зимнан, тирамоҳи соли 2007 теъдоди онҳое, ки дар назарпурсӣ “Толибон” ва “Ал-Қоида”-ро хатари ҷиддӣ барои амнияти Покистон арзёбӣ мекарданд, ҳамагӣ 34 дар сад буд. Назарпурсӣ аз сӯи Маркази машваратии рушди иҷтимоиву сиёсӣ доир шуд ва дар он аз назари ҳазор тан аз сокинони манотиқи гуногуни Покистон истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG