Пайвандҳои дастрасӣ

Расми арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Пугус дар дараи Варзоб баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон маросими туйи хонадоршавии писарашро дар доираи қонуни танзими расму оинҳо гузаронида, ҳаққи оши наҳорро ба беш аз 300 нафар маъюбони хона-интернатҳои шаҳри Душанбе бахшидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ба гуфтаи ин манбаъ, ба ивази оши наҳор ба маъюбони хонаи пиронсолон дигар маводи ғизоӣ ва сару либос низ кӯмак кардаст.

Тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ нахустин чунин маърака дар хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз тасвиб ва ба ҳукми иҷро даромадани Қонуни танзими расму ойин аст, ки моҳи майи соли 2007 маҳз бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тасвиб шуда, дар роҳи баргузории тӯю сӯру азо ва дигар маъракаҳои мардум як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.

Коршиносони тоҷик ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз додани оши наҳор сарфи назар кард, маҳз ба ҳамин қонуни танзиму расму оин бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, раисиҷумҳур маҷбур буд ба хотири намунаи ибрат нишон додан баргузории арӯсии фарзандашро дар чаҳорчӯби муқаррароти ин қонун ва ҳаддалимкон хоксорона анҷом диҳад.

Таҳлилгар Абдуфаттоҳ Воҳидов мегӯяд, ин ибтикор лоиқи дастгирист. Вай меафзояд, «шахси якум бояд намунаи ибрат барои дигарон бошад».

Бо вуҷуди он, ки Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабари кӯмаки раисиҷумҳурро ба маюъбони хонаи бознишастагон тасдиқ мекунанд, аммо дар сатҳи расмӣ иттилое дар мавриди арӯсии фарзанди раисиҷумҳур ва дар ин бора, ки ӯ ба кӣ издивоҷ кардааст, нашр нашудааст.

Ва чунин ҳол табиист, ки оташи овозаҳоро дар атрофи тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ гарм кардааст.

Афроди наздик ба мақомот ва ба хонаводаи раисиҷумҳур низ аз ифшои ҷузъиёти ин хабар худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ин рӯйдод ба ҳаёти хусусии оқои Раҳмон дахл дорад, на ба вазифаи раҳбарии ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои мутамаддини дунё ҳаёти хусусии раҳбарони кишварҳо ва дигар нухбагони сиёсӣ ҳамеша таҳти дурбини телевизион заррабини расонаҳои ахбори ом қарор дорад ва ҳар хабари рухдода дар рӯзгори чунин афрод билофосила бозтоб меёбад.

Аммо дар бархе кишварҳои пасошӯравӣ, назири Тоҷикистон, рӯйдодҳои марбут ба хонаводаҳои роҳбарони ин кишварҳо одатан аз назари мардум пӯшида мемонад, ки ба назари бархе аз таҳлилгарон, як аломати дигари ҳоким будани фазои ғайришаффоф дар чунин кишварҳост.

Таҳлилгари тоҷик, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, мегӯяд, ки дар таҷрибаи бисёре аз кишварҳои собиқ шӯравӣ кадом мавриди ошкоро ва расман барпо кардани маросими хонадоршавии фарзандони шахсони аввал мушоҳида нашудааст. Ба гуфти Сайфуллоҳзода, шахсони аввал тӯю сӯри худро ба гунае гӯё одӣ ва хоксорона мегузаронанд, вале воқеият чизи дигар аст.

Вай гуфт, «ин як воқеияте аст, ки мардум медонанд, ки сарвазир ва раисиҷумҳур имкониятҳои зиёд доранд ва ҳақ доранд, ки чигунае мехоҳанд, маъракаҳо баргузор кунанд ва ин як фарҳанги ҷомеаи Ғарб аст ва ҳасосиятеро ба вуҷуд намеорад. Аммо дар ин ҷо мо ҳоло инро надорем. Аз ин нигоҳ, вақте агар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки фарзандони хешро як гунае тӯй кунад, ки як қишрҳои мухталиф иштирок кунад, ҷомеа бардошти инро надорад. Аз ин рӯ онҳо кӯшиш мекунад, ки то ҷое инро пинҳон нигоҳ доранд».

Азизмад Одинаев, таҳлилгар, мегӯяд, ки маросими хонадоршавии писари Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳаёти оилавии ӯст ва раисиҷумҳуру фарзандаш Рустам ин маъракаро тавре, ки мехостанд, барпо карданд ва ҳақ ҳам доштанд. Чунки, ба эътиқоди Одинаев, чунин тӯю сӯр аз суннатҳои мардуми мост ва ҳеҷ рабте ба фаъолияти раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон надорад.

Ҳамин тавр, рӯзи 28 июн Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, издивоҷ кард ва аз феҳрасти, ба истилоҳ, домодҳои пурталабгори ин кишвар яке кам шуд.

Рустами Эмомалӣ 21 сол дошта, бахши иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда ва феълан дар Академияи дипломатии шаҳри Маскав таҳсил мекунад.

Рустам дар хатти ҳуҷуми тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имсол барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мубориза мебарад, бозӣ мекунад.

Дар моҳи апрел писари калонии раисиҷумҳур муовини раиси Иттифоқи ҷавонон, ҷойгузини собиқ “Комсомол”, интихоб шуд. раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG