Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон панҷ корманди сафорати Бритониёро озод кард


Эрон мегӯяд, ки аз нӯҳ корманди сафорати Бритониё дар Теҳрон панҷ нафарашонро озод кардааст. Ҳасан Қашқавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки чаҳор нафари боқимонда мавриди бозпурсӣ қарор дода шудаанд. Кормандони сафорати Бритониё бо иттиҳоми даст доштан дар намоишҳои эътирозии хиёбонии баъди интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, боздошт шуданд. Лондон ингуна иттиҳомотро рад кардааст. Қашқавӣ гуфт, ки Эрон нияти бастани сафоратхонаҳои хориҷӣ ё поин бурдани мақоми дипломатии онҳо надорад.
XS
SM
MD
LG