Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи пайгирии тазоҳурот барои расонаҳои хориҷӣ


Эрон имрӯз пайгирии намоишҳои эътирозии тарафдорони Мирҳусайни Мӯсавиро барои расонаҳои хориҷӣ манъ кард.
Бахши матбуоти вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дафтари кулли расонаҳои хориҷиро ҳушдор дод, ки аз ширкат дар ҳар навъ рӯйдод бидуни дастури мустақими ин вазорат ҷиддан худдорӣ биварзанд.
Ин дар ҳолест, ки Мӯсавӣ аз тарафдоронаш хостааст, ба хотири ҳифзи ҳаёти мардум дар раҳпаймоии эътирозии имрӯза дар Теҳрон ширкат накунанд. Се рӯз боз ҳазорон нафар аз тарафдорони Мӯсавӣ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари Эрон алайҳи натоиҷи расмии интихоботи 12 июн, ки раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро баранда эълон кард, эътироз мекунанд. Эътирозҳои ахир аз замони инқилоби исломии соли 1979 барои Эрон бесобиқа номида мешаванд. Дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи душанбе дар Теҳрон 7 нафар кушта шуданд.
Мӯсавӣ хостори лағви натоиҷи интихоботи 12 июн шудааст. Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди муттанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, рӯзи сешанбе эълон кард, ки барои шумориши дубораи орои интихоботи 12 июн омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG