Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Тоҷикистон ва Туркия: Қувватҳо ва заъфҳо


Абдуллоҳ Гул
Абдуллоҳ Гул

Бегоҳи рӯзи 28-уми май Абдулло Гул, раисҷумҳури Туркия ба дунболи боздидаш аз Қирғизистон бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.

Тоҷикистон ва Туркия

Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо роҳбарияти Тоҷикистон - раисҷумҳур, сарвазир ва руасои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Дар доираи мусофирати расмӣ раисҷумҳури Туркия аз корхонаи арзизи «Талко» дидан карда, ва ҳамчунин, бо кормандони коллеҷи туркӣ-тоҷикии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мулоқот хоҳад кард. Сипас, Абдулло Гул дар ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок мекунад. Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон ба имзо бирасад

Мусофирати расмии раисҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки тибқи омори расмӣ, равобити иқтисодӣ миёни ин ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Кумитаи омори Тоҷикистон табодули мол миёни ин ду кишвар дар соли гузаштаро наздики ним милиард доллари амрикоӣ баровард кардаааст. Дар бозорҳои Тоҷикистон тавлидоти саноатӣ ва маҳсулоти ғизоии Туркия дар баробари тавлидоти кишвари Чин ва Эрон ҷойгоҳи хосеро ишғол мекунад.

Туркия ва собиқ Шӯравӣ

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои берунрафт аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ба вижа рафъи камбуди нерӯи барқ ба кумаку ҳамкорӣ бо мамолики олам эҳтиёҷ дорад, тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷамоҳири мусулмоннишини собиқ Шӯравӣ ва афзоиши нуфуз рӯи ин кишварҳои ҷавон яке аз масъалаҳои авлавиятноки Туркия дар солҳои пасошӯравӣ арзёбӣ мешавад. Дар солҳои навадум Туркия зиёд саъй намуд, кишварҳои туркзабони собиқ Шӯравиро ба худ наздик кунад. Тоҷикистон ҳам зоҳиран дар ҳамон ҳалқаи мавриди таваҷҷӯҳи Туркия қарор дошт. Аммо баъди як моҳи асали кӯтоҳ аксари кишварҳои тозаистиқлол ғояҳои иттиҳоди туркзабонҳоро канор гузоштанд. Дар ҳоле ки Ӯзбакистон барои рафтуомад ба Туркия низоми раводид ҷорӣ кардааст, Тоҷикистон, ки аслан туркзабон нест, бо Туркия низоми равуои озод дорад.

Нигаронӣ ва ё хушбинӣ?

Зимнан, ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои фарҳангӣ ва таълиму тадрис низ ба сурати қобили таваҷӯҳ афзоиш доштааст. То кунун садҳо тан ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил намуда ва мадраки тахассусӣ ба даст овардаанд.

Зафар Сӯфӣ, яке аз фарҳангиёни тоҷик мегӯяд, ҳарчанд қудрати сиёсӣ дар Туркия дар дасти нерӯҳои мазҳабӣ қарор дорад, вале ақидаи пантуркистӣ ба ҳайси як таҳдиде аз ин кишвар эҳсос мешавад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон сангинтарин мароҳили истиқлоли худро пушти сар кардааст ва идеяҳое назири пантуркизм наметавонад кадом таҳдиде дар пай дошта бошад.

Hos geldiniiz ба Тоҷикистон!

Бо ин ҳама ҳадсу баҳсҳои ҷойдошта дар ростои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия ва равнақи солонаи гардиши мол миёни ин ду кишвар, ба бовари бархе дигар аз коршиносон, Туркия ва Тоҷикистон метавонанд дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла сайру ҷаҳонгардӣ, кишоварзӣ, бофандагӣ ва низ содироти нерӯи корӣ ҳамкории беҳтареро ба роҳ монанд.

Фаррух Умаров, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, Туркия дар арсаи кишоварзӣ, бофандагӣ ва махсусан содироти нерӯи корӣ хеле рушд кардааст ва Тоҷикистон метавонад аз таҷриба ва сармояи ин кишвар истифода кунад.

Бо ин ҳама, мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки битавонанд таваҷҷӯҳи давлат ва доираҳои соҳибкории Туркияро барои сармоягузории бархе аз барномаҳо иқтисодии худ ва махсусан тарҳҳои энержӣ ҷалб кунанд .Зеро дар шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифтааст, аз як тараф дар чорсӯи гароиши рақобатҳои геополиткии қудратҳо ва аз сӯи дигар, дар чанголи бӯҳрони энержӣ ва молӣ, ба назари коршиносон, тамоми баҳсҳо ва масоили дигари ғайрииқтисодӣ камаҳамият ва камранг мешаванд.
XS
SM
MD
LG