Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати нави Тоҷикистон дар Анкара боз шуд


Бинои сафорати нав. Акс аз сомонаи президент.тҷ

Бинои сафорати нав. Акс аз сомонаи президент.тҷ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Истанбул бо ҳамтои турки худ Абдулло Гул ва бо сарвазири Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон вомехӯрад.

Ҳамчунин, имрӯз, раҳбари Тоҷикистон дар дар 5-умин Маҷмаъи ҷаҳонии об дар Истанбул ширкат ва суханронӣ мекунад.

Субҳи дирӯз, 15-уми март, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сафорати Тоҷикистонро дар Анкара - пойтахти Туркия боз кард. Дар маросими гушоиши он ҳамчунин Алӣ Бобоҷон, вазири хориҷаи Туркия ширкат дошт. Зимни сухунони худ дар ин маросим вазири хориҷаи Туркия изҳор кардааст, ки Тоҷикистон бо мардуми Туркия кишвари дӯст аст ва Туркия омода аст бо Тоҷикистон муносиботашро таҳким бахшад.
XS
SM
MD
LG