Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 6-уми май нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 3 зина поён – ба радифи 147-ум фуромад.

Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё низ 3 зина поён шуд (24-ум). Дар Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон пас аз Узбакистону Қазоқистон ва пеш аз Қирғизистону Туркманистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 22-юм аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Литва (59). 4. Латвия (61). 5. Узбакистон (76). 6. Беларус (82). 7. Молдова (93). 8. Гурҷистон (110). 9. Эстония (113). 10. Арманистон (125). 11. Қазоқистон (137). 12. Озарбойҷон (142). 13. Тоҷикистон (147). 14. Қирғизистон (150). 15. Туркманистон (153).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Итолиё (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Аргентина, Инглистон, Хорватия, Русия ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (32), Ҷопон (35), Кореяи Ҷанубӣ (46), Эрон (53), Арабистони Саъудӣ (55), Баҳрайн (71), Узбакистон (76), Уммон (81), Ироқ (86) ва Қатар (96).
XS
SM
MD
LG