Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дабири Хартияи Энержӣ ба Душанбе


Қарор аст, фардо 5-уми май Андре Мерние – дабири кулли Хартияи Энержӣ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар Андре Мерний бо раҳбарони олирутба мулоқот ва аз иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон дидан мекунад. Нейл Мелвин - мушовири аршади дабири кулли Хартияи Энержӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Андре Мерние бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ ба тарҳҳои энержии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард: "Яке аз бахшҳои муҳими гуфтӯгуи дабири кулл ва раиси ҷумҳур Раҳмон ва дигар мақомоти расмӣ ғолибан доир ба шеваҳои мусоидати Хартия ҷиҳати ташвиқи сармоягузорӣ ба тарҳҳои мухталифи арсаи энержии Тоҷикистон хоҳад буд." Хабаргузории расмии “Ховар” мегӯяд, натиҷаҳои сафари Андре Мерние дар дарки сиёсатҳои энержии Тоҷикистон дар арсаи байналмилал, ҷалби сармоя барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дарки манфиати ин нерӯгоҳҳо барои кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Тоҷикистон аз соли 1991 ба узвияти Хартияи Энержӣ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG