Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тақсими оби минтақа дар мулоқоти раҳбарон


Имрӯз дар Алмаато раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳам мулоқот мекунанд, то ихтилофотро бар сари тақсими об дар ин минтақаи камоби ҷаҳон хотима диҳанд. Раисони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дар мулоқоти худ ба ҷуз аз масъалаҳои истифодаи об дар минтақа, ки мавзӯи расмӣ ба шумор меравад, масъалаҳои дигар, аз қабили амнияти энержӣ ва ҳамкорӣ бо Амрико барои ҳамлу нақли транзитии коло ба нируҳои ин кишвар дар Афғонистонро низ баррасӣ мекунанд. Русия, ки Осиёи Марказиро яке аз минтақаҳои зери нуфузи худ медонад ва дар ин андаша аст, ки дар музокироти оби минтақа нақш дошта бошад, ба мулоқоти Алмаато даъват нашудааст.

XS
SM
MD
LG