Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонии Ҳинд шурӯъ шуд


Дар Ҳиндустон марҳилаи аввали интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд, ки дар он 140 миллион нафар афроди бархурдор аз ҳаққи раъй аз 15 иёлат ва ду минтақаи тобеъи маркази ин кишвар ширкат мекунанд. Натиҷаҳои интихобот барои палатаи поёнии порлумон дар Ҳинди беш аз як миллиарднафариро баъди анҷоми марҳилаи панҷуми интихобот дар рӯзи 16 май эълом хоҳанд кард. Дар ин корзори муҳими сиёсӣ асосан ду ҳизб, Ҳизби ҳокими Конгресс ва ҳизби миллатгарои Бҳаратия Ҷаната рақобат доранд. Бар асоси натиҷаи назархоҳиҳо, ҳеҷ яке аз ин ду ҳизб раъйи кофӣ барои таъсиси ҳукумат дар Ҳиндро ба даст нахоҳанд овард ва маҷбур хоҳанд шуд, барои таъсиси ҳукумат бо аҳзоби хурд музокирот намоянд.
XS
SM
MD
LG