Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷашнвораи футболи AFC дар Тошканд


Дар шаҳри Тошканд Фестивал ё Ҷашнвораи футболи АFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) байни наврасони то 13-сола аз минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.

Дар ин ҷашнвора, ки то 26-уми апрел идома хоҳад кард, инчунин, сабқати дастаҳои мунтахаби наврасони Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилоъи мураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Раҷаб Расулов, Ҷашнвора ба футболбозони наврас имкон медиҳад, таҷоруби байнулмилалӣ касб карда, ба мусобиқоти оянда, ки таҳти сарпарастии Конфедеросиюни футболи Осиё баргузор хоҳад шуд, омода шаванд.
XS
SM
MD
LG