Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теҳрон аз партоби мушаки Пхенян пуштибонӣ кард


Мақомоти Эрон аз партоби мушаки дурпарвоз аз сӯи Кореяи Шимолӣ пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон Теҳрон ҳама гуна робита миёни барномаҳои кайҳонии Эрон ва Кореяи Шимолиро рад мекунад. Ҳасан Қашқавӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз изҳор намуд, ки кишвараш ҷонибдори истифодаи сулҳҷӯёнаи кайҳон аст ва ҳаққи дигар кишварҳо барои истифодаи кайҳонро эътироф мекунад.
Пхенян изҳор намуд, ки рӯзи якшанбе маҳвораи озмоиширо ба фазо партоб кардааст. Моҳи феврал Эрон низ нахустин маҳвораи худро ба мадори кайҳон бароварда буд.
Ёдовар мешавем, баҳси партоби мушак аз сӯи Кореяи шимолӣ дар Шӯрои амнияти СММ бидуни натиҷа поён ёфт. ИМА, Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз Шӯрои амният тақозо карда буданд, ки партоби, ба гуфтаи онҳо, “иғвогарона”-и мушаки дурпарвози Кореяи шимолиро маҳкум кунад, вале Чину Русия хостори вокуниши нармтар ба ин амал шуданд.
XS
SM
MD
LG