Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришҳо: Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия


Итар-Тасс менависад, Тоҷикистон роҳҳои мухталифи пардохти қарзи 10-миллиондолларии Русияро барои нирӯгоҳи Сангтӯда-1 пешниҳод кардааст. Яке аз ин роҳҳо, мегӯяд Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи Тоҷик", ин аст, ки дар мавсими тобистон бо зиёд шудани нирӯи барқ "як миқдори онро ба Русия интиқол додан мумкин аст". Иҷрои ин амали фаннӣ, ба қавли Ёдгорӣ, душвор нест ва Тоҷикистон таҷрибаи онро дорад. Итар-Тасс мегӯяд, ки дар рӯзҳои наздик қарор аст нишасти муштараки намояндаҳои ду кишвар баргузор шуда ҷонибҳо ба қароре бирасанд. 75 % саҳмияҳои нирӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ихтиёри Русия мебошад ва тавонмандии он ҳудудан 650 мегабайт ҳисоб шудааст. Итар-Тасс мегӯяд, ки агрегати чоруми нирӯгоҳи Сангтӯда-1 қарор буд дар охирҳои моҳи март ба истифода дода мешуд, вале қарзи Тоҷикистон барои истифодаи нирӯи барқ сабаби аслии ба анҷом нарасидани нақшаҳо шудааст. Хабаргузории русӣ меафзояд, ки сохтмончиёни ин нирӯгоҳ аз моҳи декабр ба ин тараф маоши худро нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG