Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо ташкилоти ҷамъиятӣ вомехӯрад


Нахуствазири Русия Владимир Путин имрӯз бо намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятии кишвараш мулоқот мекунад. Ин нишаст ду рӯз баъди он баргузор мешавад, ки як мунаққиди маъруфи шадидлаҳни Кремлин Лев Понамарев дар наздикии манзили худ дар Маскав сахт лату кӯб шуд. Татяна Локшина, раҳбари намояндагии созмони мудофеи озодии баён - Human Rights Watch дар Маскав гуфт, ки ҳамлаи мазкур маънои онро дорад, ки аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ғайри қобили қабул фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG