Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии кишварҳои араб аз Умар Ал-Башир


Раҳбарони кишварҳои арабӣ дар як эъломияи муштарак аз раисиҷумҳури Судон Умар Ал-Башир пуштибонӣ ва тасмими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ барои боздошти ӯро маҳкум карданд. Додгоҳ раҳбари Судонро дар куштори оммавии сокинони вилояти Дорфур, воқеъ дар ғарби кишвар, гумонбар мехонад. Эъломияи муштарак бо пуштибонии Умар-Ал-Башир дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ дар Доҳва, пойтахти Қатар пазируфта шуд. Дар ин нишаст Ал-Башир тасмими худ дар бораи манъи фаъолияти созмонҳояи хайрияи байнулмилалӣ дар Судонро ташреҳ кард. Ва аммо, Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, зимни суханронӣ дар нишасти Доҳва ин тасмимро маҳкум намуд.
XS
SM
MD
LG