Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон маҳдудияти интихоб бардошта мешавад


Мақомоти расмии интихоботӣ дар Озарбойҷон мегӯянд, ки райдиҳандагон дар райпурсии рӯзи чаҳоршанбе бо аксарияти мутлақи оро маҳдудияти ду давраи интихоби як нафар дар мақоми раёсати ҷумҳуриро аз миён бардоштаанд. Аммо мухолифони сиёсии давлат изҳори норизоятӣ кардаанд, ки дар ҷараёни райдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба тақаллуб роҳ додаанд. Акнун дар натиҷаи ин тағир дар Қонуни Асосии Озарбойҷон як нафар метавонад такрор ба такрор ва ҳатто як умр раиси ҷумур интихоб шавад. Аз ҷумла, Илҳом Алиеви 47-сола акнун имкон пайцдо кард, ки барои тамоми умр раиси ҷумҳур боқӣ бимонад, агар вай дар ҳар интихобот пирӯзӣ ба даст орад. Бино ба маълумоти мақомоти интихоботӣ дар райпурсӣ 71 дарсади аҳолии воҷиди шароити рай ширкат кардаанд
XS
SM
MD
LG