Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Олим Зикаев дар Беларус


Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Ҷумҳурии Беларус оид ба гуштии самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин кишвар дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сездаҳумин давраи ин мусобиқа, ки ҳамчунин яке аз марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон ба шумор мерафт, гуштигирони 14 кишвар, аз он ҷумла Арманистон, Беларус, Булғористон, Қазоқистон, Молдова, Олмон, Тоҷикистон, Русия ширкат варзиданд.

Шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа 6 нафар ҳимоя карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Олим Зикаев дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд.

Дар чаҳор вазн мизбонон – варзишгарони Беларус - ва дар чаҳор вазни дигар намояндагони Русия пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG