Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик дар даври панҷум


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар даври панҷуми ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» бар шатранҷбози рус Сергей Сергиенко пирӯз шуд.

Ин севумин ғалабаи шатранҷбози тоҷик дар сабқати «А» мебошад. Фаррух Амонатов бо 3,5 имтиёз аз 5 дидор байни 276 нафар дар ҷои 33-юм қарор гирифтааст.

Пас аз ҷамъбасти 5 даври мусобиқот шатранҷбози рус Ян Непомняший бо 5 имтиёз ҷои аввалро касб кардааст.

Фаррух Амонатов дар даври шашум бо шатранҷбози Укроин Ярослав Зинченко бозӣ хоҳад кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик Зариф Сафоев низ дар сабқати «В», ки бо ширкати 448 нафар мардону занон ҷараён дорад, баъди 3 бохт паиҳам ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай дар даври панҷум бар шатранҷбози Русия Елена Мардер ғолиб шуд. Зариф, ки бо 2 имтиёз дар ҷои 288-ум қарор дорад, дар даври шашум бо шатранҷбози рус Владислав Алёхин бозӣ хоҳад кард.

Дар гурӯҳи «В» 4 нафар шатранҷбозон, ки 5-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсаф мебошанд.

Панҷумин давраи ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» 8-уми феврал ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG