Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти генерал Петреус бо Эмомалӣ Раҳмон


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии нирӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи шанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Петреус дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон дидан кард. Генерали амрикоӣ гуфт, Вошингтон мехоҳад ҳузураш дар пойгоҳи ҳавоии Манаси Қирғизистонро дар оянда боз ҳам тақвият бубахшад, аммо нагуфт, ки оё масъалаи истифодаи бештар аз қаламрави Тоҷикистон дар амри таъмини нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон матраҳ аст ё на. НАТО ва Амрико дар пайи як силсилаи ҳамалоте, ки алайҳи корвонҳои таъминотиаш дар ғабаи Хайбари Покистон, масири умдаи таъмини нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон сурат гирифт, гуфта буданд, ки рӯи пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳои худ фикр мекунанд.
XS
SM
MD
LG