Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо бо Толибон барои водии Балучӣ


Нерӯҳои НАТО барои назорат аз болои як водии аз ҷиҳати стротегӣ муҳим дар ҷануби Афғонистон бо толибон вориди даргириянд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Ҳуланд, ин амалиёт рӯзи 10 январ шурӯъ шуда дар он тақрибан 800 низомии НАТО ширкат доранд. Хабар дода мешавад, ки низомиёни эътилофи байнулмилалӣ барои нахустин бор вориди маркази водии Балучӣ дар вилояти Урузгон шудаанд. Ҳадафи амалиёт – озод кардани ин водӣ аз Толибон, таъсиси пойгоҳи артиши афғон ва бунёди роҳ миёни ду шаҳри минтақа аст.

XS
SM
MD
LG