Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи камонварӣ ва кикбоксинг дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.

Сипас дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон нақл мекунем. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Осиё ва ҳамзамон муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Инчунин дар ин барнома дар бораи ширкати дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ маълумот медиҳем.

Дар охири барнома мусоҳибаи мо бо Наргис Набиева, раиси Федеросиюни камонварии Тоҷикистон дар бораи вазъи камонварӣ дар кишвар ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG