Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи савуми Сангтӯда ба кор медарояд


Дар Тоҷикистон имрӯз қарор аст, бо ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон агрегати савуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯдаи 1 ба кор андохта шавад. Чархаи аввали ин нерӯгоҳ охири январ ва дувумаш дар мояи июни соли равон ба кор оғоз карда буд. Ба иттилоъи ширкати "Барқи тоҷик" Сангтудаи 1 дар шабонрӯз чоруним миллион киловат нерӯи барқ тавлид мекунад. Иқтидори пурраи он 670 мегават дар назар дошта шуда, 75 дарсади саҳмияҳои он ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG