Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муҳоҷири афғон дар Душанбе


Муҳаммадвазир, як муҳоҷири афғон, ба нишони эътироз аз бетаваҷҷӯҳии Кумиссариёи олии Созмони милал дар умури паноҳандагон дар назди дафтари ин созмон дар Душанбе эътисоби ғизо эълон кардааст.

Вай мегӯяд, ҳудуди шаш моҳ аст, ки дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷир ба сар мебарад, вале то ҳол шароити мусоид барои зиндагиро надорад: “Мо ба UNCHR муроҷиат кардем, то моро таҳти пӯшиш гирад ва мушкилотеро, ки дорем, ҳал кунад. Мутаассифона, аз ин муроҷиати мо панҷуним моҳ гузашт, вале онҳо ба асноди мо ҳич таваҷҷӯҳ надоранд. Илова ба ин, бо мо бо як системи диктотурӣ муносибат мекунанд ва мушкили моро шунидан намехоҳанд”.

Муҳаммадвазир, ки ҳангоми сӯҳбат худро собиқ афсари пулиси вазорати умури дохилии Афғонистон муаррифӣ кард, гуфт, ҳангоми ифои вазифааш бо мусоидати вай раҳбари яке аз гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардидааст. Ва ин раҳбари як гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон баъд аз раҳоияш аз зиндон ба ҷони ӯ ва хонаводааш таҳдид кардааст. Муҳаммадвазир мегӯяд, ҳанӯз ҳам барои ӯ паёмҳои таҳдидомези ин раҳбари гурӯҳи террористӣ тариқи мобайл мерасад ва ӯ дар Тоҷикистони ҳамсояи Афғонистон худро амн эҳсос намекунад. Ба ин маънӣ, ин муҳоҷири афғон тақозо дорад, ки Кумисариёи олии Созмони милал дар умури паноҳандагон хонаводаи ӯро ба кишвари севвум интиқол диҳад: “Аснод дорам, ки ин ҷо барои ман амн нест. Аз Афғонистон барои ман паёмҳои хатарнок омада ва маро таҳдид ба марг карда. Аз ин хотир ман эҳсоси амн намекунам ва хоҳиш кардам, ки маро ба мулки севвум интиқол диҳанд”.

Иля Тодорович, раҳбари дафтари Кумисариёи олии Созмони милал дар умури паноҳандагон дар Душанбе гуфт, иҷрои ин даъво ва талаби Муҳаммадвазир феълан аз сӯйи ин созмон ғайримумкин аст. Оқои Тодорович мегӯяд, баҳси онҳо бо Муҳаммадвазир ним сол боз идома дорад, ва то ин муддат онҳо барои табобати ҳамсару хонаводаи ӯ кӯмакҳои молӣ ироъа кардаанд: “Мо медонем, ки Муҳаммадвазир мехоҳад ва гузашта аз ин тақозо мекунад, ки ӯро ба кишвари севвум эъзом кунем, вале интиқоли ӯ кори саҳл нест ва натанҳо аз мо бастагӣ дорад. Интиқоли ӯ аз кишваре сахт вобаста аст, ки бояд ӯро қабул кунад. Ҳамчунин, худи ин муҳоҷир дақиқ медонад, ки Тоҷикистон як чунин барномаи интиқоли муҳоҷиронро надорад. Ба ҳар ҳол, мо умед мекунем, ки билахира Муҳаммадвазир моро мефаҳмад ва ба зиндагии муқаррарии худ ба назди хонаводааш бармегардад”.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз муҳоҷирони афғон, ки дар пушти дари дафтари Созмони милал дар Душанбе мунтазири посух ба номаҳои худ буданд, мегӯянд, ки онҳо низ дар талоши эъзом ба кишвари севум ҳастанд. Зеро дар Тоҷикистон бидуни ҷойи кори муносиб зиндагӣ кардан мушкил аст ва кӯмаки созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ барои зиндагии онҳо кифоят намекунад: “Мо агар ба ҷойи дигар интиқол ёбем, беҳтар аст. Чунки дар кишварҳои ғарбӣ шароити кор ҳаст. Дар Тоҷикистон бошад, чунин шароитро надорем”.

Бо ин вуҷуд, Муҳаммадвазир мегӯяд, то замони расидагии Кумиссариёи олии Созмони милал дар умури паноҳандагон ба мушкилоташ аз эътисоби ғизо даст намекашад, ҳарчанд барои мусбат анҷом шудани натиҷаи ин ҳама талошҳояш умед надорад. Вале ба гуфтаи Иля Тодорович Муҳаммадвазир яке аз ҳазорҳо муҳоҷири афғон аст, ки чунин тақозо доранд. Ва ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 9 моҳи соли равон ба ин идораи Созмони милал бештар аз ҳазор муҳоҷир муроҷиат кардаанд, то ба мулки севвум эъзом шаванд, ки ин рақам дар қиёс ба соли гузашта ҳудудан ду баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG