Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шиносоӣ бо ҳоли паноҳандагони афғони муқими Душанбе


Антонио Гуттериш, комиссари олии умури паноҳандагони СММ дар поёни сафари худ ба Тоҷикистон маркази омузишиеро барои паноҳандагони афғони муқими ин кишвар ифтитоҳ кард.

Қарор аст, дар маркази мазкур паноҳандагони афғони муқими Тоҷикистон ба омузиши васоили коммуникатсионӣ, комютер ва шуғлҳои назири дузандагӣ ва ороиши муй фаро гирифта шаванд.


Антонио Гуттериш ҳадаф аз чунин иқдомро мусоидат ба раванди ҳамгироии муҳоҷирони афғон ба ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон мегуянд, бо вуҷуди беҳбуд ёфтани вазъи онҳо дар бархе заминаҳо мушкилоти онҳо ҳамчунон боқист ва Намонядагии кумиссариёи паноҳандагони СММ низ кумаки қобили мулоҳизае дар амри таъмини ин муҳоҷирон ба кор, дарёфти ҳаққи шаҳрвандӣ, виза ва ё интиқоли онҳо ба ҷои дигар накардааст.

Антонио Гуттериш дар поёни сафари худ бо мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон як баёнияи муштарак ба имзо расониданд, ки зимни он ба мусоидат ҷиҳати фароҳам кардани шароити паноҳандагӣ барои афғонҳо аз ин ба баъд низ, ва бо таълим фаро гирифтани фарзандони паноҳандагон ва расонидани хидмати пизишкӣ ба онҳо ишора шудааст.

XS
SM
MD
LG