Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ибрози нигаронии UNHCR aз рафтори Тоҷикистон


Панҷ муҳоҷири афғон - як модар ва се писар ва як духтари аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон иқомат карда ва ҳаққи паноҳандагӣ доштаанд, миёнаҳои ин ҳафта аз Душанбе ба Афғонистон ронда шудаанд. Дар соли 2004 билофосила пас аз ихроҷи падар, дигар аъзои оила дархости кӯч бастан ба кишвари сеюм кардаанд ва дар ниҳоят Канада ризоият додааст, се писар ва як духтари хонаводаро мепазирад.

Аммо дар оғози соли 2005 комиссияи махсуси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон модари ин чаҳор нафарро аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум кардааст. Бонуи муҳоҷири афғон аз рӯи ин қарор ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят намудааст, аммо бо вуҷуди доштани асноди қонунӣ ва идомаи баррасии шикоят дар додгоҳи Душанбе, маъмурони интизомии Тоҷикистон ин зан ва чаҳор фарзанди ӯро аз хонаашон ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Кумиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, бо вуҷуди дархости билофосилаи созмон барои дидор бо муҳоҷирин аз мақомоти амниятӣ ин панҷ муҳоҷири афғон рӯзи чоршанбе ба Афғонистон ихроҷ карда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун сабаби ин амри худро шарҳ надодаанд.

Рон Редмонд гуфтааст, ин муҳоҷирон дар боздоштгоҳ ҳаққи сӯҳбат бо вакили мудофеъи худро надоштаанд ва ба онҳо ҳаққи қонунии шикоят аз амри ихроҷро, ки тибқи қонун як ҳафта барои он муқаррар шудааст, дода нашудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи UNHCR, "ин иқдоми Тоҷикистон, ки бори аввал нест, боиси таасуф аст, зеро ихроҷи муҳоҷирин нақзи равшани Конвенсияи байналмилалӣ доир мақоми паноҳандагӣ ва Конвенсияи байналмилалӣ ба зидди азияту шиканҷа ва дигар рафторҳои ғайринсонӣ аст." Тоҷикистон зери ҳар ду ин санадҳои байналмилалӣ имзо гузоштааст.

Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ҳамчунин аз рафтори мудавоми мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба гуфтаи созмон ба кормандони он ҳаққи дастрасӣ ба афродеро намедиҳад, ки дар боздоштгоҳҳо ҳастанд.

Кумиссариёи паноҳандагони СММ қотеъона ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додааст, тааҳудоти байналмилалии худро, сар аз Конвенсияи паноҳандагон то ба дигар асноди марбут ба ҳуқуқи башар риоя кунад.
Доир ба сарнавишти панҷ муҳоҷири ихроҷшуда ин созмон навиштааст, ки ду нафари онҳо дар Тоҷикистон оиладор шудаанд ва акнун аз ҳамсарони худ ҷудо ҳастанд ва созмон намедонад, ки он панҷ нафар ба куҷои Афғонистон рафтаанд.
XS
SM
MD
LG