Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии IMF аз ояндаи иқтисоди Осиёи Марказӣ


Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, иқтисоди кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ имсолу соли оянда низ шоҳиди рушди қавии иқтисодӣ хоҳанд шуд. Дар гузориши тозаи ин созмон, гуфта шудааст, иқтисоди минтақа то кунун дар баробари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта, устувор мондааст. Бино ба пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул, қимати баланди молу коло ва тақозои зиёди дохилӣ ба он рушди иқтисодии кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро имсол то 6, 5 дар сад ва соли 2009 то 6 дар сад афзоиш хоҳад дод, ки ин дар муқоиса ба нишондодҳои ҷаҳонӣ болотар аст. Як мушкили аслӣ дар минтақа ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, афзоиши инфлятсия ва ё тавварум аст, ки зоҳиран имсол то 15 дар сад мерасад.
XS
SM
MD
LG