Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии музокироти Русияву Гурҷистон дар Женева


Normal 0

Музокироти байни Русияву Гурҷистон дар Женева, нахустин гуфтугӯи рӯбарӯи ду кишвар дар пайи низоъи низомии моҳи август, бидуни натиҷа ба поён расид.

Сухангӯи СММ гуфт, музокирот алакай дар нимаи рӯзи чоршанбе поён ёфт. Сергей Шамба, вазири хориҷаи вилояти ҷудоиталаби Абхозистон, гуфт, мақомоти Русияву Гурҷистон аз сӯҳбати рӯбарӯ иҷтиноб варзидаанд. Русия мехост, намояндагони ҷудоиталабон аз Абхозистону Осетияи ҷанубӣ дар музокироти Женева ширкати комил дошта бошанд. Вале Гурҷистон ба ин мухолифат кардааст. Даври навбатии музокироти ҷонибҳо ба рӯзи 18 ноябр таъйин шудааст.


XS
SM
MD
LG