Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аляска: вакилон алайҳи губернатори иёлат


Сара Пейлин
Сара Пейлин

Вакилони мардумии иёлати Аляска (ИМА) зимни як таҳқиқи мустақилона ба ин хулоса расидаанд, ки номзад ба мақоми муовини раисҷумҳури Амрико Сара Пейлин чун губернатори иёлат бо суъистифода аз мақомаш ҷиҳати ғайриқонунӣ аз кор рондани як афсари полис ба мақомоти зердасташ фишор овардааст.

Ин кумисиёни иборат аз вакилони мардумии Аляска иддаъо намудааст, ки номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба ноибпрезидентии ИМА Сара Пейлин ба мақомоти зердасташ фишор овардааст, то афсари пулисеро, ки аз хоҳари ӯ ҷудо шудааст, аз кор ронанд. Аммо масъулони ситоди интихоботии хонум Пейлин ин иддаъоро рад мекунанд. Дар ҳамин ҳол, кумисиёни дуҳизбии Шӯрои Қонунгузори Аляска исбот намудааст, ки хонум Пейлин “бар асоси қонун ва ба таври муносиб” рафтор кардааст. Таҳқиқи рафтори хонум Пейлин бар асоси даъвои Волтер Монеган раиси идораи пулиси Аляска сурат гирифт, ки мегӯяд, губернатори иёлат Сара Пейлин ӯро ноодилона аз кор сабукдӯш кардааст, зеро Волтер Монеган бо вуҷуди фишори хонум Пейлин ва шавҳараш корманди идораи пулис ва шавҳари хоҳари хонум Пейлин Майк Вутенро аз кор нарондааст. Сара Пейлин пофишорӣ дорад, ки Волтер Монеганро барои мухолифаташ дар масъалаи тақсими буҷаи пулис аз кор сабукдӯш намудааст. Ҳарчанд тибқи хулосаи кумисиён Волтер Монеган бар асоси қонун аз мақомаш барканор шудааст, аммо фишори хонум Пейлин ва шавҳараш ба Волтер Монеган мухолифи қонуни рафтори мақоми давлатӣ будааст. Ҳарчанд бар асоси қонунҳои иёлат вакилон ҳаққи андешидани чораҳои ҳуқуқиро надоранд, аммо хулосаи онҳо обрӯи Сара Пейлинро, ки номзад ба мақоми раисҷумҳури кишвар Ҷон Маккейн ӯро ноъибаш интихоб кард, мерезонад. Лид Грин, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар мавриди хулосаи кумиссиён гуфт, мансабдорон бояд ба васвасаи суъистифода аз мақом дода нашаванд: «Ман танҳо ҳаминро фикр мекунам, ки вақте мо дар мақоме ҳастем, бояд ҳамеша бисёру бисёр ва боз ҳам бисёр эҳтиёткор бошем, зеро ҳамроҳ кардани зиндагии хусусӣ ба корҳои идора ҳамеша як васваса аст». Ин ҳама дар ҳолест, ки дар вокуниш ба хулосаи кумисиёни таҳқиқи рафтори Сара Пейлин сухангӯи ситоди интихоботии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Меган Стаплетон ба таври возеҳ изҳор намуд, ки хонум Пейлин бегуноҳ аст: «Дар хулосаи кумисиюн далеле нест, ки хонум Пейлин ғайриқонунӣ аз мақомаш истифода кардааст. Ӯ бар асоси салоҳияти қонуниаш Волт Монеганро ба дигар мақом таъйин намудааст». Ситоди интихоботии номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва Сара Пейлин эълом намудааст, ки хулосаи гузориши вакилони иёлати Аляска доир ба рафтори хонум Пейлин ба корзори интихоботии онҳо таъсире нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG